Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ронандаи автомашинаи борбардори «КАМАЗ-53-20» Давлат Бӯриев дар километри 34-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини сабукрави «ВАЗ-21-06»-и Ҷалолиддин Табаров бармехӯрад.
«Бар асари бархӯрд ронандаи автомашинаи сабукрав ва ду нафар мусофирони он дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – изҳор дошт манбаъ.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилӣ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


