Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки вазъи кунунӣ дар арсаи байнулмилалӣ қабули қарорҳои фаврӣ дар бахши ҳамкориҳои иқтисодиро тақозо мекунад.
Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, бахусус ин ба лоиҳаҳои марбут ба таъмини густариши имконоти нақлиётиву коммуникатсионӣ, рушди зербино, тиҷорат ва сайёҳӣ дахл дорад.
Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти СҲШ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо таъмин карда шавад.
«Зимни вохӯрии навбатии сарони кишварҳо мувофиқаи созишнома доир ба усулҳои асосии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ муофиқи мақсад аст. Возеҳ аст, ки бидуни таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ё дигар механизми дигари молиявӣ, мо амалисозии лоиҳаҳои минтақавиро таъмин карда наметавонем», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласаи мазкур президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кард, ки қарор дар бораи таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи ноябри соли равон қабул хоҳад шуд.
Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи ноябри соли 2013 дар шаҳри Тошканд дар назар аст. Дар доираи он вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳо низ доир мегардад. Қаблан Чин низ оид ба таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ташаббус зоҳир намуда буд.



