ҲНИТ: Бобоназарова бозёфти на Кабирӣ, балки Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст

Зимни анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, на бозёфти ҲНИТ ва пешвои он Кабирӣ, балки бозёфти Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, устоди марҳум хоҳони он буданд, ки Бобоназарова муовини прокурори генералӣ шавад, аммо ӯ рад мекард ва мегуфт, […]

Меҳрангез Турсунзода


Зимни анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, на бозёфти ҲНИТ ва пешвои он Кабирӣ, балки бозёфти Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст.

Ба гуфтаи ӯ, устоди марҳум хоҳони он буданд, ки Бобоназарова муовини прокурори генералӣ шавад, аммо ӯ рад мекард ва мегуфт, ки «ӯ ҳамеша адвокат ва ҳомии ҳуқуқ аст».

Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ иброз дошт, ки аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ мекунад ва ба аъзои ҳизб низ тавсия дод, ки ӯро дастгирӣ намоянд. «Шумо ба мо роҳбарии ҳизбро бовар кардед ва мо ба шумо эътимод дорем, аз ин рӯ, мо бояд ба тасмимҳои ҳамдигар боварӣ дошта бошем. Дастгирии номзадии зан ба як ҳизби исломӣ осон нест, вале дар ҷомеаи консервативӣ (кӯҳнапарастона)-и кунунӣ мо огоҳона сари чунин интихоб расидем», – иброз дошт Кабирӣ.

Ба қавли Кабирӣ, имрӯз ҳама мегӯянд, ки Бобоназарова шахси Кабирӣ ва ҲНИТ аст, вале ба ҷонибдории ӯ овоз додани ҳамаи аъзои Эътилофро ҳама шоҳиданд, танҳо ҲНИТ ба тасмимгирӣ шитоб надошт. «Бобоназарова номзади ягона шуданӣ набуд, зеро ҲНИТ аз ӯ ҷонибдорӣ намекард. Вале ҲНИТ натанҳо аз пешвои ӯ иборат аст, аз ин рӯ, мо ба хулоса расидем, ки аз ИНИТ Бобоназарова номзади ягона интихоб шавад», – идома дод ӯ.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки тибқи мувофиқа дар Эътилоф, ҳамаи аъзои Эътилоф шахси бовариноки номзади ягона аз ИНИТ мешаванд. Дар кори анҷмани пешазинтихоботии ҲНИТ намояндагони КМИР, дипломатҳо ва вакилони ҳизб аз бахшҳои минтақавӣ иштирок доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.