Боздиди намояндагони КБСС аз палатаи поёнии парлумон

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2013 Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев  намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС)-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре Нодир Аминзода, масъули бахши иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар дод, сӯҳбат дар атрофи масоили ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судманд ҷараён гирифта, нахуст Амиршо Миралиев ба меҳмонон мухтасар оид […]

ASIA-Plus


Рӯзи 18-уми сентябри соли 2013 Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев  намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС)-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Нодир Аминзода, масъули бахши иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар дод, сӯҳбат дар атрофи масоили ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судманд ҷараён гирифта, нахуст Амиршо Миралиев ба меҳмонон мухтасар оид ба раванди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ ва созандагии давлат ва ҳукумати кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат  маълумот дод ва нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар барқарорсозии сулҳу субот, кумакҳои ташкилотҳои башардустона аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро ба мардуми ҷумҳурӣ мухсус таъкид кард. Вай ҳамчунин таваҷҷуҳи меҳмононро ба масъалаҳое, ки вобаста ба  онҳо бо КБСС дар оянда ҳамкориҳоро вусъат бахшидан мумкин аст, ҷалб кард.   

Дар ин робита Амиршо Миралиев  иброз дошт, ки мо омодаем барои фаъолияти минбаъдаи пурсамар ва манфиатбахши КБСС дар Тоҷикистон мусоидат намоем.

Сардори Сарраёсати КБСС оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиёи марказӣ Лоран Корба аз пешниҳоди маълумоти муфассал ва пазироии самимона изҳори миннатдорӣ карда, ин мулоқотро судманд арзёбӣ кард. Вай низ дар бораи фаъолияти КБСС дар кишварҳои ҷаҳон ахбороти мухтасар пешниҳод карда, роҷеъ ба самтҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

Зимни мулоқот як нуктаи ҷолиб махсус таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест оид ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар қонуни махсуси худро дорад.

Дар мулоқот роҳбари Намояндагии минтақавии КБСС барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Жак Вийетта, сардори намояндагӣ дар Тоҷикистон Северин Шаппаз, корманди КБСС Валерий Ярмак ва директори генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов иштирок доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.