Таваҷҷуҳи ширкатҳои Полша ба ҳамкориҳои дарозмӯҳлат бо Тоҷикистон

Зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон мушовири якуми сафоарти Лаҳистон (Полша) дар Тоҷикистон Славомир Стшалковский изҳор намуд, ки ширкатҳои лаҳистонӣ ба роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дарозмӯҳлат бао Тоҷикистон манфиатдоранд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷирони лаҳистонӣ дар қатори шарикон аз Иттиҳоди Аврупо фаъолона ҷуёи ҳамкорӣ бо шарикон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошанд. «Аз ҷумла, […]


Зимни нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон мушовири якуми сафоарти Лаҳистон (Полша) дар Тоҷикистон Славомир Стшалковский изҳор намуд, ки ширкатҳои лаҳистонӣ ба роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дарозмӯҳлат бао Тоҷикистон манфиатдоранд.

Ба гуфтаи ӯ, тоҷирони лаҳистонӣ дар қатори шарикон аз Иттиҳоди Аврупо фаъолона ҷуёи ҳамкорӣ бо шарикон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошанд. «Аз ҷумла, Лаҳистон ба афзоиши маҳсулоти воридотӣ аз Тоҷикистон, ки ҳиссаи асосиашро матоъ ва маснӯъот аз нахи пахта ташкил медиҳад, таваҷҷуҳ дорад», – гуфт ӯ.

Дипломат зикр кард, ки дар навбати худ, ширкатҳои лаҳистонӣ хоҳони афзудани ҳаҷми таъмини бозори Тоҷикистон бо мошинҳо, техникаи кишоварзӣ, масолеҳи сохтмону насб, дорувории тиббӣ ва ғайра мебошанд. «Ҳамчунин ширкатҳои лаҳистонӣ бо шарикон аз Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маводи ғизоӣ ва санати сабуку кимиёро ба роҳ монданианд», – гуфт дипломат.

С.Стшалковский инчунин изҳор кард, ки ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон тамоили афзоиш дошта, аз рӯи натоиҷи соли гузашта ҳаҷми он беш аз 21,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба андозаи 2,4 маротиба зиёдтар аст.

«Имрӯз ширкатҳои лаҳистонӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ (21% аз ҳаҷми умумии содирот), маводи саноати кимиёвӣ (беш аз 18%) маҳсулоти металлҳои ранга (17%) ва маснӯот аз чӯб (ҳудуди 10%) ворид намуда, маҳсулоти содиротии Лаҳистон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 18 гурӯҳи маҳсулот иборат аст», – афзуд дипломати лаҳистонӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.