СБМ гузориши тоза дар бораи меҳнати кӯдаконро пешниҳод мекунад

Рӯзи 23-юми сентябри соли равон гузориши нави Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) дар бораи арзёбии ахири шумори кӯдакони коргар дар саросари ҷаҳон пешниҳод мегардад. Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар гузориш таҳти унвони «Арзёбии пешравӣ дар мубориза бо меҳнати кӯдакон – маълумоти глобалии арзёбӣ ва тамоилҳо дар солҳои 2000-2012» маълумоти тозатарин дар бораи паҳн гардидани […]


Рӯзи 23-юми сентябри соли равон гузориши нави Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) дар бораи арзёбии ахири шумори кӯдакони коргар дар саросари ҷаҳон пешниҳод мегардад.

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар гузориш таҳти унвони «Арзёбии пешравӣ дар мубориза бо меҳнати кӯдакон – маълумоти глобалии арзёбӣ ва тамоилҳо дар солҳои 2000-2012» маълумоти тозатарин дар бораи паҳн гардидани меҳнати кӯдакон ва натиҷаҳои кӯшишҳои байнулмилалӣ дар самти аз байн бурдани он дарҷ ёфтаанд.

Шурӯъ аз соли 2000-ум, СБМ сатҳи коҳиши миқёси истифодаи меҳнати кӯдаконро пайгирӣ дошта, суръати дилхоҳи ин коҳишро муайян мекунад. Дар гузориши тоза бо назардошти ҳадафҳои гузоштаи СБМ оид ба аз байн бурдани шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон то соли 2016, ҳамчунин вазъ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи гузориши СБМ барои соли 2012, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар кӯдакон дар кӯчаву хиёбонҳо, аслан дар шаҳрҳо машғули коранд. Беш аз 80%-и кӯдакони машғули кор дар кӯчаву хиёбонҳо дар шаҳри Душанбе мутамарказанд. Имрӯз дар Тоҷикистион танҳо 7%-и ҳосили пахта бо истифода аз меҳнати кӯдакон ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.