Додситонии кулли Тоҷикистон баррасии даъвои Сайёфи Мизробро аз болои радиои «Озодӣ» рад кард

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони кулли Тоҷикистон баррасии даъвои корманди собиқи радиои «Озодӣ» Сайёфи Мизробро аз болои ин радио рад кард ва аз рӯи ин даъво парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад кард. Дар ин бора роҳбари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Қудратулло Шаҳидӣ хабар дод. «Қарори додситонии кулл бори дигар собит месозад, ки радиои «Озодӣ» […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони кулли Тоҷикистон баррасии даъвои корманди собиқи радиои «Озодӣ» Сайёфи Мизробро аз болои ин радио рад кард ва аз рӯи ин даъво парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад кард. Дар ин бора роҳбари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Қудратулло Шаҳидӣ хабар дод.




«Қарори додситонии кулл бори дигар собит месозад, ки радиои «Озодӣ» дар инъикоси рӯйдодҳои Тоҷикистон ба таври касбӣ ва воқеъбинона рафтор намудааст», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Сайёфи Мизроб, ки ахиран дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият дошт, моҳи июли соли равон аз болои ин радио ба додситонии кулли Тоҷикистон оид ба нақзи ҳуқуқҳояш аризаи даъвогӣ пешниҳод сохт. С.Мизроб даъво дошт, ки дар ин радио дар тӯли чанд соли ахир тамоми амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мегаштанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.