С.Сиддиқов сабаби пахши наворҳои зӯроварӣ дар ТВ «Баҳористон»-ро шарҳ дод

Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабаби пахши филми «Пойбанди нафрат» тариқи телевизиони кӯдакону наврасони «Баҳористон»-ро шарҳ дод. Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки «баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд». Ба андешаи ӯ, […]

ASIA-Plus


Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабаби пахши филми «Пойбанди нафрат» тариқи телевизиони кӯдакону наврасони «Баҳористон»-ро шарҳ дод.

Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки «баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд».

Ба андешаи ӯ, кӯдакон бояд бахубӣ ба бадиву некӣ сарфаҳм раванд. «Онҳо бояд аз рӯйдодҳои атрофашон огоҳ бошанд ва бояд тасаввур намоянд, ки ҷое, ки некӣ ҳаст, бадӣ ҳам он ҷо вуҷуд дорад. Баъзан некиро аз бадӣ фарқ кардан душвор аст ва мо бояд ба тафовут дар он сарфаҳм рафта, ба кӯдаконамон ҳам биомӯзонем», – иброз дошт ӯ.

Сиддиқов ҳодисаи чанде қабл бедаракшавии кӯдакон дар пойтахтро ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мо ба кӯдакон ба назди автомашинаи ношинос нарафтан ва ҳеҷ гоҳ ба онҳо нанишастанро омӯзонидем. «Мо ба кӯдаконамомн бояд бифаҳмонем, ки дар ҷомеа дар қатори шахсони накӯкор афроди хатарнок, қотилону нашъамандон, дуздон ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд. Мо бояд симои ҳақиқии чунин шахсонро ба кӯдакон пешкаш созем», – зикр кард Сиддиқов.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон далелҳои дар филми филми сохтаву бофтаи мақомоти интизомии кишвар зери унвони “Пойбанди нафрат” аз тариқи шабакаҳои аввали ТВТ, “Чаҳоннамо, Сафина” ва дигар расонаҳои давлатӣ пахшшударо

қотеъона рад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.