Дар ВМКБ ду гурӯҳӣ ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ таъсис ёфт

Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ 2 гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ таъсис ёфт. Тавре дар варақаи иттилоотии Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) зикр гаштааст, таъсисёбии  гурӯҳҳои мазкур аз  ҷ ониби ин ташкилот дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бо дастгирии молиявии департаменти Комиссияи Аврупо оид ба кӯмакҳои башардӯстона […]


Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ 2 гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ таъсис ёфт.

Тавре дар варақаи иттилоотии Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) зикр гаштааст, таъсисёбии  гурӯҳҳои мазкур аз 

ҷ


ониби ин ташкилот дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бо дастгирии молиявии департаменти Комиссияи Аврупо оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва муҳофизати шаҳрвандӣ  (ECHO) дар доираи Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиии марҳилаи 7-ум (ДИПЕКО) имконпазир гаштааст.

Гурӯҳи 20-нафарае, ки аз намояндагони Хадамоти сухторхомӯшкунии вилоят, гурӯҳи  посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоат ва гурӯҳи посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи ташкилоти ФОКУС иборат аст, моҳҳои июн ва сентябри соли ҷорӣ омӯзишҳои махсусро гузаштанд. Давраҳои омӯзишӣ аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ оиди ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ – (INSARAG) аз тарафи ташкилоти байналхалқӣ аз Фаронса Pompiers de l”Urgence Internationale (PUI) гузаронда шуд, ки бо офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сарукор доштанд.

Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати хеле осебпазир шинохта, онро ноустувор ба  ҳолатҳои фавқулодда ва тағйироти иқлим дар Авруосиё арзёбӣ мекнад. Аҳолии баландкӯҳҳои  дурдасти Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ, аз қабили сел, ярч, тарма ва заминҷунбӣ хеле фаровон  дучор мешаванд.

Аз ин ӯ, ба ақидаи намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Далер  Назаралиев, аҳамияти таъсис ва омӯзиши ҳайати 20-нафара дар ВМКБ назаррас буда, чораи саривақтист. Ба гуфтаи ӯ, ин омӯзиш барои мубодилаи таҷриба шароити мусоид фароҳам оварда, қобилияти гурӯҳҳоро дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ бо аз худ кардани усулҳои нави мукаммал тақвият медиҳад.

Дар ин росто Нашир Кармалӣ – сарвари иҷроияи ФОКУС дар Тоҷикистон ҳамчунин  зикр сохт, ки мавҷудияти чунин як гурӯҳӣ ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар манотиқи дурдаст басо муҳим аст, зеро дар  вақти рух додани офатҳои табиӣ бештар ин ҳудудҳо дар изолятсия монда, дастрасии кумаки башардӯстонаро то дер интизор мешаванд.

ФОКУС ташкилотест, ки дар якҷоягӣ бо Барномаи ДИПЕКО тайи 10 сол чорабиниҳои махсусро барои коҳиши хавфу хатар ва осебпазирӣ аз офатҳои табиӣ дар зиёда аз 250 минтақаи осебпазир амалӣ менамояд. Фаъолияти ФОКУС аз баҳодиҳӣ ба дараҷаи осебпазирии макони муайян, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, иҷрои лоиҳаҳои хурди митигатсион ва ғайра иборат аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.