Шиносоии комиссияи экологии парлумон бо мушкилоти мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»

Имрӯз дар ноҳияи Ҷиликӯл ҷаласаи сайёри Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон Маҳмадшариф Ҳақдодов як гурӯҳи вакилони МНМО ҶТ,роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намяондагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ширкат варзиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ноҳияи Ҷиликӯл ҷаласаи сайёри Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон Маҳмадшариф Ҳақдодов як гурӯҳи вакилони МНМО ҶТ,роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намяондагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи экологии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва мушкилоти мавҷудаи вобаста ба барқарор кардани ҷангалзорҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз буридану нестшавӣ ва сӯхтор баррасӣ шуданд.

«Пешниҳодҳои ҳукумати маҳаллӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар ҳифзи табиат ва набоботу ҳайвоноти мамнӯъгоҳ ба инобат гирифта шуда, ояндаи наздик комиссияи экологии парлумон нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул хоҳад кард», – гуфт Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки аъзои комиссияи экологии парлумон ба иштирокдорони ҷаласа меъёрҳои қонунгузории кишвар дар бахши ҳифзи муҳити зистро хотиррасон намуда, таъкид доштанд, ки бо пешниҳоду тавсияҳои мутахассисон метавон ба онҳо тағйироту тасҳеҳ ворид намуд.

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» 49700 га ташкил медиҳад. Мамнӯъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кищоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст. Мамнӯъгоҳ да ҳудуди вилояти Хатлон воқеъ аст.

Бештари ҳудуди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» – ро туғайзор ташкил медиҳад. Аз ҳайвоноти нодир оҳуи бухорои боқӣ монда, паланги туронӣ нест шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.