Шаҳрдории пойтахт КВД «Чеварон»-ро таъсис медиҳад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар заминаи қисми бинои моликияти коммуналии  Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис» КВД «Чеварон» таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, фаъолияти корхона бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ, таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти […]

ASIA-Plus


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар заминаи қисми бинои моликияти коммуналии  Корхонаи истеҳсолию тиҷоратии воҳиди давлатии «Душанбеагросервис» КВД «Чеварон» таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, фаъолияти корхона бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ, таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти дӯзандагии истеҳсоли ватанӣ, паст намудани арзиши аслии ин намуди маҳсулот дар шаҳри Душанбе ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ мегардад.

М.Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори пойтахт супориш дод, ки дар муҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои таъсисии корхонаро бо сохторҳои марбута таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида Оиннома, нақшаи тиҷоратӣ, шумора ва фонди музди меҳнати кормандонро барои тасдиқ ба  Раиси шаҳри  Душанбе  пешниҳод  намоянд.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик мақомоти шаҳрдории пойтахт дар бораи ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмун эълон мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.