М.Ӯлҷабоева: Аз ислоҳоти иқтисодӣ натиҷае ҳосил нашуд

Зимни суханронӣ дар Конфронси VII-уми миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ: нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе раиси Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева изҳор намуд, ки аз ислоҳоти солҳои ахир натиҷае ҳосил нашуда, муҳити сармоягузорӣ низ беҳтар намешавад. «Ислоҳот қариб чизе ба мо надод. Биёед, қайди дубораи […]

Фирӯз Умарзода


Зимни суханронӣ дар Конфронси VII-уми миллӣ таҳти унвони «Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ: нақши қарорҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ» рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе раиси Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева изҳор намуд, ки аз ислоҳоти солҳои ахир натиҷае ҳосил нашуда, муҳити сармоягузорӣ низ беҳтар намешавад.

«Ислоҳот қариб чизе ба мо надод. Биёед, қайди дубораи тиҷоратро мисол мегирем. Кумитаи андоз ин тартиботро хеле мушкил сохт. Аллакай даҳҳо нафар бидуни қайд монданд, мо онҳоро аз даст додем. Мо мегӯем, ки ислоҳот ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ мусоидат мекунад, вале дар амал муҳити сармоягузорӣ низ беҳтар намешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Ӯлҷабоева, ниҳодҳои дахлдории давлатии таъсисёфта низ дар ин самт воқеъан ба беҳбуди вазъ мусоидат намекунанд, ки Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президент яке аз онҳо мебошад.

«Соҳибкорон шикояти зиёд доранд. Ман аз як корманди масъули Шӯрои мазкур фаҳмидам, ки «соҳибкорон ба онҳо эътимод надоштаанд». Чаро ба онҳо бояд бовар дошта бошанд, вақте танҳо як масъалаи беҳбуди ба ҷумҳурӣ ворид намудани нуриҳои минералӣ, техника, таҷҳизот, маводи кимиёвӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад? Барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир ба соҳибкорон умуман ҳеҷ имтиёзе дода намешавад», – номбар кард Ӯлҷабоева.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои ширкатҳои алоҳида, аз қабили «Сомон Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки сатҳи хизматгузориашонро беҳтар накарда, танҳо арзиши онро боло мебаранд, пардохти ААИ бекор мегардад. «Дигарон чӣ кор кунанд?», – савол дод ӯ.

Бо муроҷиат ба ташкилотҳои молиявии хурд ӯ қайд кард, ки «ниҳодҳои молиявӣ воситаҳо барои рушд мебошанд ва Шумо кӯшиш ба харҷ диҳед, ки онро беҳтар намоед!».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.