Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 10:00 дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад; – Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон ба кори худ […]

ASIA-Plus



Анонс

– Соати 10:00 дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев Анҷумани XI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад;

– Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон ба кори худ идома медиҳад;

– Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии аризаи даъвогиии модари Баҳромиддин Шодиев, ки дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд, дар бораи ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) баргузор мешавад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7684

сомонӣ;


1

евро

– 6.2825

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвонот.


1957

– Дар ИҶШС нахустин радифи маснӯии Замин ба фазо парвоз кард.


1935

– Пажӯҳишгоҳи минтақавии зироатҳои ситрусии Вахш кушода шуд.


1939

– Каналаи калони Фарғона ба истифода дода шуд.


1929

– Зодрӯзи доктори улуми биологӣ, профессор Лоланисо Исмоилова.


1948

– Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зебо Аминзода.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +21+26.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.