Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ҷиҳати маблағгузории чаҳорум Гранти Фонди ҳамёрии глобалӣ дар соҳаи маориф созишномаро ба имзо расониданд
.
Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, ҳадафи умумии гранти мазкур, ки аз $16,20 миллион доллари ИМА иборат аст мусоидат дар такмилдиҳии низоми маълумоти томактабӣ ва умумӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори низом баҳри дастгирии ислоҳот дар соҳаи маъориф арзёбӣ мегардад.
«Лоиҳа ба дастовардҳои як қатор лоиҳаҳое, ки аз соли 2006 инҷониб дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди ҳамёрии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) маблағгузоршуда, ки қаблан бо номи лоиҳаи “Ташаббуси маълумот барои ҳама”-и Фонди Каталитикӣ маъруф буд, такя мекунад», – зикр мегардад дар иттилоияи намояндагии бонк.
«Ҳадафи ин лоиҳаи фарогир аз таъмини кӯдакони Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки нодида гирифта шудаанд, аз он ҷумла духтарон, ақаллиятҳои этникӣ, кӯдакони деҳот ва маъюб бо имконияти расидан ба ҳадафҳои худ дар таҳсилот ҷиҳати дар оянда ноилгардӣ ба рушду муваффақият иборат аст, гуфт Марша Олив, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Бонки ҷаҳонӣ омода аст минбаъд рушду нумӯи соҳаи маорифро дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ҳамёрони рушд дастгирӣ намояд».
Ба ҳайси муассисаи масъули идоракунии грантҳои GPE дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ дар дастгирӣ намудани Вазорати маориф ҷиҳати омодакунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тавассути GPE маблағгузоришуда дар ҳамкории зич бо ҳамёрони рушд дар Тоҷикистон, ба монани ЮНИСЕФ (созмони пешбари ҳамоҳангсоз дар соҳаи маориф), Бунёди Оғохон, Комиссияи Аврупо, GIZ ва USAID мақоми намоёнро ишғол мекунад.
Айни замон сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ аз 12 лоиҳа бо маблағи умумии $205,9 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи азимтарин ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), баъдан таъмини об ва беҳдошт (15%), рушди инсон (14%), энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) рост меояд.



