Арзиши корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора ҳисобу китоб мекунанд


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои эронии худ арзиши корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора ҳисобу китоб мекунанд. Ин нақб бо масофаи 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ҳисобу китоби дубораи воситаҳо бинобар сабаби болоравии арзиши масолеҳи сохтмон ва сӯзишворӣ ва ҳамчунин насби низоми рӯшноидиҳанда дар нақб анҷом мепазирад, ки ин ҳама хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.

«Дар бораи арзиши тамоми корҳои бозсозии нақб алҳол дақиқан хулосабарорӣ наметавон кард. То имрӯз аз ҷониби Эрон аз 3 млн. доллари ИМА-и зарурӣ 1 млн. 100 ҳазор $ ва аз ҷониби Тоҷикистон низ як қисмате аз воситаҳои пешбинишуда ҷудо гардидаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар рафъи мушкилот таъҷилан оғоз нагардад, ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт дар нақб ғайриимкон мегардад.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин он замон вазири нақлиёт изҳори умедворӣ карда буд, ки корҳои бозсозии нақб моҳи сентябри ҳамин сол ба итмом мерасанд, вале ин ба вуқӯъ напайваст. Тибқи баъзе маълумот, агар ҷонибҳо ба мувофиқа расанд, корҳои бозсозии нақб соли 2014 оғоз мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки

моҳи майи соли равон

вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов дар ин маврид хабар дода буд, ки алҳол масъалаи маблағгузории ин корҳо ҳаллу фасл нагардида, аз ҷониби ҳукумати Эрон тамоми воситаҳои зарурии пешбинишуда ҷудо нашудаанд.

Ахири

моҳи августи соли равон

бошад, дар Вазорати нақлиёт, мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Эрон оид ба масъалаҳои вазъи кунунии нақби Истиқлол, интиқоли маблағҳои саҳми  ҷониби эронӣ ба суратҳисоби муштарак, мушкилиҳо ва таъхирёбии иҷроиши корҳо дар нақб, таҳияи нақшаи корӣ ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самт доир гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное