Умедворӣ ба дар моҳи октябр бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон умедворанд, ки аллакай то ахири моҳи октябр Русия пардохти боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиаш ба ҷумҳуриро бекор месозад.

Бозори сӯзишвории Тоҷикистон имрӯз комилан ба воридот вобаста буда, дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтани созишнома миёни Тоҷикиситону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикисион бидуни пардохти боҷи содиротиро интизорӣ доранд. Санаи 6-уми феврали соли равон дар Маскав ин созишнома аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба имзо расид, вале то ҳанӯз аз ҷониби Думаи давлатии Русия тасдиқ нашудааст.

Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли гузашта бештар аст.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 имрӯз то ба 38% поин рафт.

Моҳҳои ахир дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф шуд, ки ҳиссаи он дар бозор 43,2%-ро ташкил медиҳад. Қирғизистон низ ба Тоҷикистон сӯзишвории Русияро интиқол медиҳад. Ин ба он вобаста аст, ки Қирғизистон аз Русия маҳслуоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ дастрас намуда, сипас онро бо нархи нисбатан арзон ба кишварҳои сеюм интиқол медиҳад.

Тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 248 ҳазору 441 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи миёнаи сӯзишвории воридшуда барои 1 тонна  1 ҳазору 51 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия бо нархи 1 ҳазору 230 доллари ИМА барои 1 тонна 94, 1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот аз Қирғизистон дар ин давра 107 ҳазору 389 тонна (бо нархи 899 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта 85,4 тонна зиёдтар аст.

Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,2 ҳазор тонна (нархи миёна 1 ҳазору 345 $ барои 1 тонна) аз Туркманистон ва дар ҳаҷми 16,2 ҳазор тонна (нархи миёна 847 $ барои 1 тонна) аз Қазоқистон низ сӯзишворӣ ворид карда шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное