Таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Раиси шаҳри душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдорӣ супорш додааст, ки дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар боғу хиёбон ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе ба ин муносибат чорабиниҳои идона созмон диҳанд. Чорабиниҳои идона дар боғҳои фарҳангу фароғати Рӯдакӣ, «Боғи Пойтахт», «Дӯстии халқҳо», «Кӯли […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Раиси шаҳри душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдорӣ супорш додааст, ки дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар боғу хиёбон ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе ба ин муносибат чорабиниҳои идона созмон диҳанд.

Чорабиниҳои идона дар боғҳои фарҳангу фароғати Рӯдакӣ, «Боғи Пойтахт», «Дӯстии халқҳо», «Кӯли Комсомол», «Садриддин Айнӣ ва майдони «800-солагии Маскав» баргузор мешаванд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷараёни чорабиниҳои идона муваззаф шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Санаи 21-уми июли соли 2011 сарвари давлат Қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати ҶТ-ро ба имзо расонид. Мувофиқи ин тағйирот, аз ин ба баъд ҳамасола дар Тоҷикисон санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Қаблан шурӯъ аз соли 1989 Рӯзи забони давлатӣ санаи 22-юми июл – рӯзи қабули қонуни пешина «Дар бораи забони давлатӣ (соли 1988) таҷлил мегардид.

Қобили зикр аст, ки имрӯз ҳамчунин сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро ҷашн мегирад. Имрӯз сарвари давлати Тоҷикистон 61-сола шуд.

Аз соли 1992 то соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олии Тоҷикистон фаъолият дошт. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 ба мансаби расиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. Солҳои 1999 ва 2006 боз ба мақоми президенти кишвар интихоб гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.