Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, ки шоми дирӯз ба Душанбе ташриф овард, бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Нимаи дуюми рӯз Сергей Наришкинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии […]

ASIA-Plus



Анонс

– Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, ки шоми дирӯз ба Душанбе ташриф овард, бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Нимаи дуюми рӯз Сергей Наришкинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7683

сомонӣ;


1

евро

– 6.2914

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих

Рӯзи омӯзгорон


1977

– Конститутсияи охирини ИҶШС қабул шуд.


1925

– Таъсиси нашриёти давлатии Тоҷикистон («Ирфон»).


1967

– Ифтитоҳи намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон.


2001

– Президенти ҶТ Э. Раҳмонов ва котиби давлатии ИМА К.Пауэлл масъалаи оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистонро мувофиқа карданд.


1928

– Зодрӯзи оҳангсоз Ҳукуматшо Бандишоев.


1932

– Мавлуди овозхони опера, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Лутфӣ Кабирова.


1937

– Зодрӯзи физик Аваз Ҳукуматов.


1938-1993

– Мавлуди оҳангсоз Миратулло Атоев.


1949

– Зодрӯзи сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов.


1951

– Мавлуди доктори улуми байторӣ Абдуҷалил Ҳакимов.


1961

– Зодрӯзи олим Матлуба Ҳақназарова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +16+21.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +30+32.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.