Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба ҷонибдории номзад ба мақоми президентӣ ва президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуд. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, имзоҳои ҷамъоваришуда имрӯз ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, барои дастгирии номзади пешбаришуда ба мақоми президентӣ гурӯҳҳои ташаббускор бояд имзои 5% аз шумори умумии интихобкунандагон – 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоянд.
«Ҷамъоварии имзоҳо барои номзади дар анҷумани ҳизб пешбаришуда (4-уми октябр) барои мо ҳеҷ мушкилие пеш наовард, зеро имрӯз шумори аъзои ҲХДТ беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, обрӯву нуфузи Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолии кишвар хеле баланд аст», – зикр кард Солеҳов.
Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки ба ин шумор имзоҳои аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоваришуда дохил нашудаанд. Ташкилотҳои мазкур низ президенти амалкунандаро номзад ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ карда буданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.
Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки имрӯз дар КМИР масъалаи дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мақоми президентӣ баррасӣ мешавад. Чанде қабл ба КМИР бо чунин дархост Ҳизби коммунист ва Ҳизби демократ муроҷиат карданд.



