Дар вилояти Суғд зимни гирифтани пора муовини ректори Донишкадаи тиҷорату савдо ва миёнарав бо далели шайъӣ боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд, қаблан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин раёсат бо ариза муроҷиат намуда, хабар додааст, ки муовини ректори донишкада барои мусоидат ба қабул ба факултаи иқтисод аз ӯ дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 доллари ИМА пора тамаъ кардааст.
«Зимни амалиёти доиргардида муовини ректор ва миёнарав ҳангоми гирифтани маблағи пора дар ҳаҷми 1 ҳазору 500 доллари ИМА бо далели шайъӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуданд», – гуфтанд дар Раёсати Агентӣ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи «Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми зиёд» парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 47 далели қаллобӣ ошкор карда шудааст.



