Кӯдакони хизматчиёни низомии артиши Чин, ки бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ҳафтае меҳмони Душанбе хоҳанд шуд

            Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо даъвати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Душанбе кӯдакони хизматчиёни низомии артиши вилояти Сичуани Чин, ки моҳи майи соли равон бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ба Душанбе омаданд.             Сардори дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯдакон дар […]

Аваз Юлдошев





           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо даъвати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Душанбе кӯдакони хизматчиёни низомии артиши вилояти Сичуани Чин, ки моҳи майи соли равон бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ба Душанбе омаданд.









           

Сардори дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯдакон дар меҳмонхонаи «Пойтахт» зиндагӣ карда, зимни сафар аз тамоми ҷойҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. «Мо мекӯшем, ки ин сафари онҳо ба Тоҷикистон як умр дар нақши хотирашон боқӣ монад», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.








           

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, меҳмонони хурдсолро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳад кард. Тамоми хароҷоти сафар, будубош ва истироҳату фароғати кӯдакони Чинро вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.








 







Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.