Дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) имрӯз бозии нахусти дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:50 бо вақти маҳаллӣ оғоз мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзҳои 23-юми сентябр бо дастаи Бутан, рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон доир мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.
Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.