Қатораи Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор шуд

Соати 09:40 дақиқаи имрӯз қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Дар қатора 200 нафар наваскарон ва афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин қазия хабар дод, ки панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан […]

ASIA-Plus


Соати 09:40 дақиқаи имрӯз қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Дар қатора 200 нафар наваскарон ва афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин қазия хабар дод, ки панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шудааст. Бар асари садама 33 нафар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз талафоти ҷонӣ хабар дода намешавад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаи Ғаллаарал бистарӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар натиҷаи садама 12 нафар, аз ҷумла як роҳбалади қатора низ ҷароҳати сабук бардоштаанд.

Қобили зикр аст, ки робита тавассути роҳи оҳан миёни манотиқи ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ танҳо тариқи қаламрави Ӯзбекистон имконпазир аст.

Дар шарҳи сабабҳои имконпазири садама дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр карданд, ки ҳолати техникии қатора қаноатбахш буда, сабаби садама ба ин марбут нест.

Манбаъ бинобар сабаби вазъи нохуби зерсохтори роҳи оҳани кишвари ҳамсоя ба садама дучор шудани қатораро аз эҳтимол дур намедонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.