Агентии зиддифасод корманди маркази матбуоти ВКД-ро ба қаллобӣ гунаҳкор мекунад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати сарнозири маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Баҳодур Саидов аз рӯи моддаи «қаллобӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, Б.Саидов ба боварии шаҳрванд Д. даромада, барои мусоидат ба қабули ду ҷияни ӯ ба Академияи ВКД Тоҷикистон аз ӯ 9 ҳазор доллари […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати сарнозири маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Баҳодур Саидов аз рӯи моддаи «қаллобӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, Б.Саидов ба боварии шаҳрванд Д. даромада, барои мусоидат ба қабули ду ҷияни ӯ ба Академияи ВКД Тоҷикистон аз ӯ 9 ҳазор доллари ИМА пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Агентӣ нисбати сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2-и ноҳияи Рӯдакӣ Нусрат Ёров низ аз рӯйи далели гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, бо миёнаравии шаҳрванде бо номи Табаралӣ Забиров, Ёров барои қатъи парвандаи ҷиноӣ аз шаҳрванд А.А. 2 ҳазор доллари ИМА пора гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.