Гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар Душанбе писари 16-солаи Ҳукумов аст

spot_imgspot_img

Дата:


Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки гунаҳкори ин садама Расул Амонуллои 16-сола будааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 шаҳрванд Расули Амонулло соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ босуръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиётии тамғаи «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои ш.Душанбе, ошпази чойхонаи «Роҳат» бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014», рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01 Саидов А.А. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё Тураевна соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Мансуров Уктам Ҳасанович соли таваллудаш 1988, сокини ш.Душанбе, ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Маталиев Шокир Юсупович соли таваллудаш 1987, Ахмедова Мадина Акрамовна соли таваллудаш 1992, сокинони ш.Душанбе ва Рӯзиева Азиза Ибодовна соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда мешаванд.

Тамоми касоне, ки дар автомашинаи тамғаи «ВАЗ» қарор доштанд, аз ҷумла писари директори чойхонаи «Роҳат», коргарони ин чойхона будаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дода буд, ки дар садамаи нақлиёти фоҷеабор ҷияни роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов – Ҳукумов Асрор Нуруллоевичи 21-сола гунаҳкор будааст, ки осеби ҷиддие надида, танҳо баъзе ҷойи баданаш озору лат хӯрдаанд.

Тибқи маълумоте, ки ОИ «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, Расул Амонулло писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов аст. Ӯ айни замон таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...