Убури рамаи чорво тариқи қаламрави Душанбе манъ шуд

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи минбаъд манъ кардани убури рамаҳо тавассути марзи маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қарори дахлдор қабул гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни шунидани ҳисоботи муовини […]

ASIA-Plus


Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи минбаъд манъ кардани убури рамаҳо тавассути марзи маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қарори дахлдор қабул гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни шунидани ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  оид ба масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия, ки ҳолати риоя ва иҷроиши якмароми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқ ба он дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, баррасӣ гардид, фаъолияти анҷомдодаи муовини якуми Раиси шаҳр ва дигар сохторҳои назоратии марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арёбӣ намуданд.

Дар иртибот ба ин аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев –  Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо зикри эродҳои қатъӣ нисбати масъулин –  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои масъули назорати давлатӣ бобати саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ин самт барои ислоҳи бечунучарои камбудиҳои ҷойдошта то 1 январи соли 2014 муҳлат муқаррар гардид.

Ҳамзамон дар иҷлосия бо дарназардошти он, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур аз рӯи салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  дар ноҳияи Сино- дар маҳаллаи “Пахтакор”, дар ноҳияи Фирдавсӣ- дар кӯчаи “Машъал”, дар ноҳияи Шоҳмансур- дар маҳалаи “Бӯстон” ва дар ноҳияи И.Сомонӣ- дар кӯчаи Телман 1 гектарӣ қитъаи замин барои парвариш ва нигаҳдории чорво барои  шаҳрвандони ба ин намуди соҳибкорӣ машғулиятдошта,  ба шахсони воқеию ҳуқуқии алоҳида  барои бунёди иншооти мутазаккира ҷудо гардида буд ва то ба имрӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо дар иҷрои он иқдоме анҷом надодаанд, масъалаи татбиқи минбаъдаи онҳо баҳри хулосаи ниҳоӣ аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.