Табрикоти Э.Раҳмон ба И.Алиев ба муносибати пирӯзи дар интихобот

Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзии комалаш дар интихоботи президенти Озарбойҷон барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфта, «аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзии комалаш дар интихоботи президенти Озарбойҷон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфта, «аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо роҳбарии Шумо пешгирифташуда аст, ки мақсад аз он шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он мебошад».

«Аминам, ки дар давраи нави президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Озарбойҷон минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо мустаҳкам мегарданд ва густариш меёбанд. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи чораҳои заруриро мебинад», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар интихоботи президентии Озарбойҷон рӯзи 9-уми октябр президенти амалкунандаи Озарбойҷон Илҳом Алиев 91,5% раъйи интихобкунандагонро ба даст овард. Шумори номзадҳо ба мақоми президенти Озарбойҷон 10 нафарро ташкил медод. Дар ин мамлакат интихоботи президентӣ маротибаи панҷум доир мегардад. Дар Озарбойҷон 5,141 млн. нафар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.