Мунтахаби футболи ҷавонони кишвар аз иштирок дар Чемпионати Осиё маҳрум шуд

Дар вохӯрии дуюми давраи интихобии Ҷемпионати Осиё (U-19) дар гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 5 мағлуб гардида, аз роҳ ёфтан ба мусобиқоти финалии Чемпионати Осиё – 2014 дар Мянма маҳрум гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров дар […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии дуюми давраи интихобии Ҷемпионати Осиё (U-19) дар гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 5 мағлуб гардида, аз роҳ ёфтан ба мусобиқоти финалии Чемпионати Осиё – 2014 дар Мянма маҳрум гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров дар конфронси матбуотии пас аз бозӣ изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии душвори аввал бо тими Эрон (0 бар 2) бозингарони даста худро барқарор карда натавониста, имрӯз ҳам дар хатти ҳимоя ба хатогиҳои дағал роҳ доданд, ки ба шикаст боис гардид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари ин гурӯҳ соҳибони майдон – тими Эрон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби калони 6 бар 1 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «D» пас аз ду бозӣ дастаҳои Эрон ва Арабистони Саъудӣ бо касби 6 имтиёзӣ пешсафанд ва дар вохӯрии ҳарду даста, ки рӯзи 12-уми октябр баргузор мешавад, ғолиби гурӯҳ муайян хоҳад шуд. Дар вохӯрии охирин дастаи Тоҷикистон бо тими Лубнон қувваозмоӣ мекунад. Бозиҳои дастаҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и шаҳри Кирмони Эрон ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.