ИНИТ ба интихобот таҳрим эълон карданист

Дар Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) изҳор намуданд, ки дар сурати ба қайд нагирифтани номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ба мансаби президентӣ ба интихоботи президентӣ таҳрим (бойкот) эълон мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи ИНИТ дар Душанбе изҳори назар карда шуд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, номзади ҲНИТ, ҳуқуқшинос Бобоназарова нахуст бояд зинаҳои маъмулии […]

Маҳпора Киромова


Дар Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) изҳор намуданд, ки дар сурати ба қайд нагирифтани номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ба мансаби президентӣ ба интихоботи президентӣ таҳрим (бойкот) эълон мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи ИНИТ дар Душанбе изҳори назар карда шуд.

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, номзади ҲНИТ, ҳуқуқшинос Бобоназарова нахуст бояд зинаҳои маъмулии қабули қарор оид ба мушкилоти бақайдгирии ӯро тай намояд. Кабирӣ мегӯяд, онҳо дар бораи то соати муқаррашудаи 18:00-и рӯзи 10-уми октябр ҷамъоварӣ намудани миқдори зарурии имзоҳои шаҳрвандон барои ҷонибдории ӯ далелҳо пешниҳод карданианд. Ӯ шарҳ дод, ки мувофиқи қонун, номзад ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5% аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунад ва шумори умумии интихобкунандагон дар маҷмӯъ 4 млн. 120 нафарро ташкил медиҳад.

«Ҳамин тариқ, имзоҳои ҷамъовардаи мо ба миқдори 202 ҳазор 5%-и заруриро ташкил медиҳанд, зеро дар қонун шумори дақиқи имзоҳои зарурӣ зикр нагардида, танҳо ба 5%-и интихобкунандагон ишора шудааст», – гуфт Кабирӣ.  

Ба қавли ӯ, дар ин робита номзади пешбаршуда аз ҲНИТ ният дорад, ки ба КМИР муроҷиат намуда, аз куҷо пайдо шудани рақами 210 ҳазор имзоро ошкор намояд. «Агар дар навбати худ КМИР бақайдгирии ӯро рад кунад, танҳо дар ин ҳолат мо ба чораи охирин – таҳрим эълон кардани интихобот даст мезанем», – зикр кард М.Кабирӣ.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар навбати худ шарҳ дод, ки пас аз эълони расмии қарори КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо, дар муддати 10 рӯз Бобоназарова ҳуқуқ дорад, ки аз болои он шикоят барад.

«Аз ин рӯ, фурсатро аз даст надода, ҳарчӣ зудтар аз тамоми имконоти қонунӣ истифода бурдан зарур аст, зеро КМИР қарори худро рӯзи 11-уми октябр эълон дошта, имрӯз аллакай 14-ум аст», – гуфт Зойиров. Зойиров мегӯяд, «бо пешниҳоди тамоми далелҳо дар бораи имзоҳои ҷамъоваришуда дарҳол мебояд бо КМИР гуфтушунид кард».

Раҳматилло Зойиров зикр кард, ки агар бақайдгирии Бобоназарова рад шавад, «пас мебояд аризаи даъвогӣ навишта, онро мутобиқ қонуни конститутсинонӣ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» ба Суди олӣ пешниҳод намуд».

Намояндагони ИНИТ тасмим гирифтанд, ки пас аз ду рӯз дар бораи амалҳои минбаъдаи ИНИТ ҷиҳати дастгирии номзад аз ҲНИТ қарори ниҳоии худро эълон мекунанд.

Тавре қаблан хабар дода будем, номзади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова то субҳи рӯзи ҷумъа ба ҷонибдории худ 210 ҳазор адад имзоҳои зарурии интихобкунандагонро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев изҳор дошта буд, ки номзад Ойниҳол Бобоназарова аз маъраккаи интихоботи президентӣ хориҷ мешавад.

Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.