Рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои тамринҳои даҳрӯзаи омӯзишиву ҷисмонӣ ва минбаъд иштирок дар мусобиқоти давври инихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «D» ба Эрон раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ҳайати ба Эрон сафаркардаи дастаи Тоҷикистон аз 30 нафар – 23 нафар футболбозон ва 7 нафар шахсони расмӣ иборат аст.
Қобили зикр аст, ки дар гурӯҳи «D» дастаҳои мунтахаби Эрон, Арабистони Саъудӣ ва Лубнон ҳарифони дастаи Тоҷикистон мебошанд. Вохӯриҳои дастаҳои гурӯҳ аз 8 то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр бо тими Эрон, 10-уми октябр – бо дастаи Арабистони Саъудӣ ва 12-уми октябр – бо дастаи Лубнон қувваозмоӣ мекунад.