Бобоназарова: Рекламаи зидди ҲНИТ ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо имкон надод

spot_imgspot_img

Дата:


Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдории худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист, бар ин назар аст, ки сабаби аслии ба ин ҳолат дучор шудан оғози маъракаи бузургмиқёси бадномкунии ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон аст.

Дар изҳороти худ дар ин робита, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардидааст, ӯ изҳор мекунад, ки мушкилии асосии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ ба дӯши ҲНИТ вогузор гардида буд.

«Боздошти намоишкоронаи чанде аз фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои ташаббускор, талаби пешниҳоди рӯйхати аъзои ҳизб ва санҷиши имзоҳои ғуншуда як қисмате аз иқдомоти тарҳрезишуда буданд, ки ҳадафи ниҳоиаш ба ҳарос андохтани интихобкунандагон аз оқибатҳои ҷонибдории ман буданд», – зикр кардааст ӯ.

Ба қавли вай, таҳлили вазъ гувоҳи он аст, ки ин амалҳо то ҳанӯз идома доранд ва боздошту ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ месозад.

«Барои ба даст овардани овозҳо ба ҷонибдории номзади худ ва ҳамзамон кам кардани таваҷҷуҳи мардум ба номзадии ман ҳукуматдорон аз таҳдиду дурӯғгӯӣ ва фиреб ҳам истифода карданд. Ба андешаи мардум чунин тасввуроте ҷой дода мешуд, ки дар сурати дастгирӣ кардани чунин нерӯҳо такрори ҳодисаҳои хунрезиву даргириҳои соли 90-уми асри гузашта аз эҳтимол дур нест. Тасмими иштироки ман дар интихобот ҳаргиз маънои нодида гирифтани риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби КМИР ва чашмпӯшӣ аз нақзи ҳуқуқи интихобкунандагонро надошт», – гуфтааст ӯ.

Мушкилоти дигари даст наёфтан ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳоро Бобоназарова ба он рабт медиҳад, ки КМИР ғайриқонунӣ муҳоҷирони кориро аз ҳуқуқи имзо ба ҷонибдории номзадҳо маҳрум намуд, ҳарчанд онҳо ба шумори умумии интихобкунандагон шомиланд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...