Бобоназарова: Рекламаи зидди ҲНИТ ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо имкон надод

Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдории худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист, бар ин назар аст, ки сабаби аслии ба ин ҳолат дучор шудан оғози маъракаи бузургмиқёси бадномкунии ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон аст. Дар изҳороти худ дар ин робита, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардидааст, ӯ изҳор […]

ASIA-Plus


Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдории худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист, бар ин назар аст, ки сабаби аслии ба ин ҳолат дучор шудан оғози маъракаи бузургмиқёси бадномкунии ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон аст.

Дар изҳороти худ дар ин робита, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардидааст, ӯ изҳор мекунад, ки мушкилии асосии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ ба дӯши ҲНИТ вогузор гардида буд.

«Боздошти намоишкоронаи чанде аз фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои ташаббускор, талаби пешниҳоди рӯйхати аъзои ҳизб ва санҷиши имзоҳои ғуншуда як қисмате аз иқдомоти тарҳрезишуда буданд, ки ҳадафи ниҳоиаш ба ҳарос андохтани интихобкунандагон аз оқибатҳои ҷонибдории ман буданд», – зикр кардааст ӯ.

Ба қавли вай, таҳлили вазъ гувоҳи он аст, ки ин амалҳо то ҳанӯз идома доранд ва боздошту ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ месозад.

«Барои ба даст овардани овозҳо ба ҷонибдории номзади худ ва ҳамзамон кам кардани таваҷҷуҳи мардум ба номзадии ман ҳукуматдорон аз таҳдиду дурӯғгӯӣ ва фиреб ҳам истифода карданд. Ба андешаи мардум чунин тасввуроте ҷой дода мешуд, ки дар сурати дастгирӣ кардани чунин нерӯҳо такрори ҳодисаҳои хунрезиву даргириҳои соли 90-уми асри гузашта аз эҳтимол дур нест. Тасмими иштироки ман дар интихобот ҳаргиз маънои нодида гирифтани риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби КМИР ва чашмпӯшӣ аз нақзи ҳуқуқи интихобкунандагонро надошт», – гуфтааст ӯ.

Мушкилоти дигари даст наёфтан ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳоро Бобоназарова ба он рабт медиҳад, ки КМИР ғайриқонунӣ муҳоҷирони кориро аз ҳуқуқи имзо ба ҷонибдории номзадҳо маҳрум намуд, ҳарчанд онҳо ба шумори умумии интихобкунандагон шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.