Ҳамин дақиқаҳо президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки субҳи имрӯз ба Душанбе омад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат ба ҳузур мепазирад. Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид чор асноди ҳамкории дуҷониба ба тасвиб хоҳанд расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, пас аз дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай изҳороти муштараки сарони кишварҳо, созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бахши бима (суғурта), дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо ва созишнома оид ба нуқтаҳои убур дар марзи давлатии кишварҳо ба имзо мерасанд.
Зимни сафари дурӯзаи сарвари давлати Афғонистон ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст.



