Шаҳритӯс: Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритӯс рух дод, ду кӯдаки хурдсол ва як ҷавондухтар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сокини 22-солаи ҳамин ноҳия Маъмура Қаландарова ҳангоми ба сари заминҳои хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади даравидани шолӣ рафтан, дар […]

ASIA-Plus


Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритӯс рух дод, ду кӯдаки хурдсол ва як ҷавондухтар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сокини 22-солаи ҳамин ноҳия Маъмура Қаландарова ҳангоми ба сари заминҳои хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади даравидани шолӣ рафтан, дар вақти идора кардани автомашинаи тамғаи «Тико» дар қитъаи замине, ки роҳи автомобилгард мавҷуд нест, дар сари заминҳои пахта аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа намудааст.

«Дар натиҷа се нафар мусофирони автомашина – Хайринисо Хӯҷамбердиеваи 19-сола, Асрор Анварови 3-сола ва Асадбек Анварови 2-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.