Президенти Афғонистон ба Душанбе омад

Ҳамин дақиқаҳо президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки субҳи имрӯз ба Душанбе омад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат ба ҳузур мепазирад. Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид чор асноди ҳамкории дуҷониба ба тасвиб хоҳанд расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, пас аз дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай изҳороти […]

ASIA-Plus


Ҳамин дақиқаҳо президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки субҳи имрӯз ба Душанбе омад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат ба ҳузур мепазирад. Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид чор асноди ҳамкории дуҷониба ба тасвиб хоҳанд расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, пас аз дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай изҳороти муштараки сарони кишварҳо, созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бахши бима (суғурта), дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо ва созишнома оид ба нуқтаҳои убур дар марзи давлатии кишварҳо ба имзо мерасанд.

Зимни сафари дурӯзаи сарвари давлати Афғонистон ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.