Иштироки Э.Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Минск

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 25-уми октябр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар пойтахти Белорус Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунид […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 25-уми октябр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар пойтахти Белорус Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Минск аз 17 лоиҳаи аснод иборат аст, ки ба танзими масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун нигаронида шудаанд.

Дар ҷаласа аз ҷумла баррасии масоиле аз қабили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), соли 2015-ро дар доираи ИДМ эълон намудани Соли собиқадорони ҶБВ ва таъсиси мукофотҳои ягона ба муносибати ин ҷашн пешниҳод шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.