Баррасии лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунии ҶТ дар парлумон

Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» -ро баррасӣ карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, роҷеъ ба масъалаи мазкур раиси […]

ASIA-Plus


Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» -ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти МНМО ҶТ, роҷеъ ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеоянд, инчунин вазифаҳое, ки аз Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018, Консепсияҳои тараққиёти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзию энергетика, сохтмони иншоотҳои муҳими иҷтимоию давлатӣ ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд омадаанд, ба инобат гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро, ҳамчунин масъалаи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи туризм», дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон аз 12 то 22 сентябри соли 2013», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум» муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани онҳо изҳор доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.