Ҳафтаномаи «Нигоҳ барои нашри номаи кушод унвонии президент ба додгоҳ кашида шуд

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати кормандони ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Нигоҳ» имрӯз ният доранд, бинобар дучор гардиданашон ба таъқиботи судӣ дар чанд моҳи ахир нишасти матбуотӣ доир намоянд. Дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси ҳафтанома Саймуддин Дӯстов изҳор дошт, ки дар таърихи 5-уми июни соли ҷорӣ дар нашрия номаи кушоди шаҳрванд Зулфия Алиева […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати кормандони ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Нигоҳ» имрӯз ният доранд, бинобар дучор гардиданашон ба таъқиботи судӣ дар чанд моҳи ахир нишасти матбуотӣ доир намоянд.




Дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси ҳафтанома Саймуддин Дӯстов изҳор дошт, ки дар таърихи 5-уми июни соли ҷорӣ дар нашрия номаи кушоди шаҳрванд Зулфия Алиева чоп гардид, ки дар он ӯ аз фиребгарии шаҳрванд Сайфулло Лоиқов, ки дар харидуфурӯши ғайриқонунии хонаи ӯ миёнарав будааст, шикоят карда буд.



Номбурда мегӯяд, пас аз як ҳафта ба идораи ҳафтанома шахсе омада, худро Сайфулло Лоиқов муаррифӣ намуд ва далелҳои дар нома ҷойдоштаро рад кард, ки ин раддияи ӯ дар шумораи навбатии ҳафтанома ба табъ расид.



«Сарфи назар аз ин, С.Лоиқов бо аризаи даъвогӣ аз болои З.Алиева ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба додгоҳ шикоят бурд, – зикр кард сарчашма. – Дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ С.Лоиқов барои хисороти маънавии ба ӯ расонидашуда 30 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кардааст».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.