АНМН: Қатъи фаъолияти як гурӯҳи нашъаҷаллобон

Дар натиҷаи баргузории сисилаамалиёти махсус кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллобонро қатъ карданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон  маводи нашъадор мусодира гардида, 4 нафар дастгир карда шуд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, якчанд моҳ қабл кормандони АНМН корро бо тартиб […]

ASIA-Plus


Дар натиҷаи баргузории сисилаамалиёти махсус кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллобонро қатъ карданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон  маводи нашъадор мусодира гардида, 4 нафар дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, якчанд моҳ қабл кормандони АНМН корро бо тартиб додани ҳуҷҷатгузории фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз ҷумлаи сокинони вилоятҳои Хатлон ва Суғд иборат буд, шурӯъ карданд. Чунончӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар рафти гузаронидани амалиёт 2 сокинони вилояти Суғд, ки яке 30 ва дигаре 35 сола мебошанд, дастгир шуданд.

Ҳангоми дастгиркунӣ аз онҳо як пакет, ки дар дохилаш маводи хокамонанди ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор ва мусодира шуд.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ боз 2 ҳаммаслаки ин ҷиноят дастгир шуданд. Инҳо сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд буданд. Ҳангоми кофтуков дар ҷои истиқомати зодаи ноҳияи Б.Ғафуров, дар хонае, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо истифода аз саги хизматӣ-кофтуковӣ, дар махфигоҳи махсус тайёршуда, 7 баста бо маводи нашъадор ошкор ва мусодира шуд.

Тибқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ маводҳои ошкоршуда воситаҳои нашъадори афюн ва героин мебошанд. Вазни умумии онҳо 28 килоро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ қаблан маҳкум шуда буд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи нашъадор дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дастгиршудагон дар ТНМ РАНМН дар вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шуданд.Феълан гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил дода шудааст, ки корҳоро оид ба ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ширкаткунандагони гурӯҳи ҷиноятӣ идома дода истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.