Содироти спирти этилӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 205 ҳазор доллари ИМА


Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва масъалаҳои хубтар намудани сифати маҳсулоти соҳаи хӯроквории аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи  Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи сипаришуда аз тарафи маркази ташхиси КФ «Лабораторияи технологӣ» сифати маҳсулоти 47 корхона ташхис карда шуд.

Корхонаҳои истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин давра 41,8 ҳазор дал спирти этилӣ ва 45,9 ҳазор дал машрубот истеҳсол намуданд. То ба имрӯз дар аксари корхонаҳои соҳа маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳои патентикунонидаи корхонаҳо ба роҳ монда шуд.

Содироти маҳсулоти консервагии меваю сабзавот 184746 доллари ИМА, зарфҳои шишагӣ 134939 доллари ИМА ва спирти этилӣ 204 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Аз ҷониби корхонаҳои соҳа то ба имрӯз ба буҷети давлат 32 миллион сомонӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо ва хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ ворид гардидааст. 

spot_imgspot_img

Популярное