Содироти спирти этилӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 205 ҳазор доллари ИМА

Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва масъалаҳои хубтар намудани сифати маҳсулоти соҳаи хӯроквории аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи  Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи сипаришуда аз […]

ASIA-Plus


Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва масъалаҳои хубтар намудани сифати маҳсулоти соҳаи хӯроквории аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи котиботи  Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи сипаришуда аз тарафи маркази ташхиси КФ «Лабораторияи технологӣ» сифати маҳсулоти 47 корхона ташхис карда шуд.

Корхонаҳои истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин давра 41,8 ҳазор дал спирти этилӣ ва 45,9 ҳазор дал машрубот истеҳсол намуданд. То ба имрӯз дар аксари корхонаҳои соҳа маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳои патентикунонидаи корхонаҳо ба роҳ монда шуд.

Содироти маҳсулоти консервагии меваю сабзавот 184746 доллари ИМА, зарфҳои шишагӣ 134939 доллари ИМА ва спирти этилӣ 204 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Аз ҷониби корхонаҳои соҳа то ба имрӯз ба буҷети давлат 32 миллион сомонӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо ва хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ ворид гардидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.