Кумаки ИМА ба дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД

Чанде қабл дар Душанбе маросими ба дастаи таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон супурдани кумаки моддии сафорати ИМА дар Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, нахуст вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо ҳайати шахсии ДТММ иброз намуд, ки дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе маросими ба дастаи таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон супурдани кумаки моддии сафорати ИМА дар Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, нахуст вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо ҳайати шахсии ДТММ иброз намуд, ки дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа дар мадди аввал меистад, аз ин рӯ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мебояд, ки боз ҳам аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон диҳанд. «Ман боварӣ дорам, ки Шумо аз иҷрои вазифаҳои хеш ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон бо иродаи матин, шарафмандонаву сарбаландона мебароед»-афзуд дар идомаи суханрониаш вазир.

Сипас, Сафири ШМА дар Тоҷикистон Эллиотт Сюзан барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд.

Дар доираҳои ҳамкориҳои дуҷониба кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия соли 2012 дар тренинги омӯзишӣ дар ШМА иштирок намуда, аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, сазовори таҳсину офарин гардиданд. Аз ин хотир Сафорати ШМА дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои гузаронидани машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ ва дарсҳои таълимии афсарон ба ДТММ таҷҳизотҳои лозима, аз қабили ҷавшан, тоскӯлоҳ, ниқоб, дурбин ва дигар лавозимотҳо тақдим намояд.

Вазири корҳои дохилӣ барои ба ҷузъу томҳои ДТММ тақсим намудани таҷҳизотҳои воридгардида, дастуру супоришҳои мушаххас дода, афзуд, ки ин таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳати осон намудани кору фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия мусоидат менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.