Иштироки Э.Раҳмон дар нишасти ИДМ дар Минск

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белорус иштирок намуда, ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Минск аз 17 лоиҳаи аснод иборат аст, ки ба танзими масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун нигаронида шудаанд.

Дар ҷаласа аз ҷумла баррасии масоиле аз қабили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), соли 2015-ро дар доираи ИДМ эълон намудани Соли собиқадорони ҶБВ ва таъсиси мукофотҳои ягона ба муносибати ин ҷашн дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.