Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз Асадулло Иброҳимов, миёни мардум маъруф бо лақаби «муллои ҷодугар»-ро ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Ба ӯ ҳамчунин машғул шудан ба фаъолияти динӣ пас аз озодӣ аз маҳбас ба муддати 5 сол низ манъ шуд. Суд ӯро ба содир намудани амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ гунаҳкор эътироф карда, дар ҳаҷми 365 нишондоди ҳисоб (1 нишондод – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.
Мурофиаи додгоҳии ин парванда рӯзи 18-уми октябр таҳти раёсати муовини раиси суди ноҳияи Сино Исмоил Давлатов оғоз гардида буд.
Ҳарчанд ба парванда муҳри «махфӣ» нагузошта шуда бошад ҳам, намояндагони матбуот ба мурофиа роҳ дода нашуданд. Сабаби инро намояндагони суд «мурофиаи пусарусадо» ва « ба муносибатҳои маҳрамона рабт доштани гумонбаршуда бо мизоҷони худ» ва ҳамчунин таъмини амнияти шахсии судшаванда унвон карданд.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии
сомонаи радиои «Озодӣ»
, Асадулло Иброҳимов субҳи имрӯз дар сухани охиринаш гуфтааст, рафтораш танҳо аз нигоҳи шаръӣ дуруст набуда, вале тибқи қонунгузории дунявии Тоҷикистон, худро гунаҳкор намешуморад.
Мавлудҷон Солиҳов, вакили дифоъи Асадулло Иброҳимов, рӯзи 23-юми октябр бархе ҷузъиёти қазияро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфтааст, навори дуохонии Асадулло Иброҳимов ва муносибати шаҳвонии вай бо ҷабрдида Зулола Раҳимоваро «на мақомот, балки хонум Раҳимова тариқи телефон ба навор бардоштааст. Таҳқиқи додгоҳ инро собит кард ва маълум шуд, ки ҷабрдида Зулола Раҳимова дар навор дар ҳолати оҷизӣ набудааст, балки махсус ин наворро гирифтааст».
Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – моддаи 139, қисми 2, банди “а” «Ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта» ва моддаи 247, қисми 2, банди «а» (Қаллобӣ) мутаҳҳам дониста мешавад.
Дар ин навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро мебояд муолиҷа кунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад.



