Тавофуқи ХМ, «Тоҷик Эйр» ва СБМ оид ба ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират

Имрӯз байни Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Миссияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкории сеҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, ба ҳуҷҷати мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» […]

ASIA-Plus


Имрӯз байни Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, ҶСК «Тоҷик Эйр» ва Миссияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкории сеҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, ба ҳуҷҷати мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев ва роҳбари Миссияи СБМ дар Тоҷикистон Тайма Курт имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз ба имзорасии Меморандум ҳамаҷониба иттилоърасонии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба қонунгузориҳо дар бораи муҳоҷирати кишварҳои кордиҳанда ва дар якҷоягӣ гузаронидани семинару вохӯриҳо бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ барои беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар самти мазкур ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқиву машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ба миқдори 8 ҳазор маводҳои иттилоърасонӣ ва 2 фита бо филми «Пеш аз сафар бидон» ва видеороликҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро тақдим намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.