Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Шӯрои Кумитаи назоратии лоиҳаи «Рушди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, масоили содироти маҳсулоти меваю сабзавот баррасӣ мешаванд.
Мушовири миллӣ оид ба масоили робита бо ҷомеаи лоиҳа Абдулфаттоҳ Шафиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти лоиҳа, мушкилот ва монеъаҳои бахши коркарди меваву сабзавот, содироти он ба хориҷи кишвар, дастовардҳои соҳа ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти он муҳокима хоҳанд шуд.
Ба ҳайати Кумита намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ, Агентии стандартикунонӣ, метрология, гувоҳномадиҳӣ ва нозироти андоз, Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази байнулмилалии тиҷорат ва бахши хусусӣ шомил мебошанд.


