Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6-уми ноябр ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол», майдони «800-солагии Маскав» ва Боғи устод Рӯдакӣ сайругашти оммавии шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ташкил карда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, назди мардум бо консертҳои идона ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Сомон», «Лола», артистони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Кумитаи телевизиону радио, театри опера ва балет ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин ба тамоми мактаб-интернатҳои пойтахт кумаки хайрия расонида мешавад.



