Шоми дирӯз раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки роҳбари гурӯҳи нозирон аз Иттиҳод дар интихоботи президенти Тоҷикистон мебошад, ба Душанбе ташриф овард.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нимаи имрӯз вохӯрии Лебедев бо раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён ва нимаи дуюми рӯз мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни ташкили гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистон имрӯз пурра ба анҷом расид. Барои мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва кишварҳои хориҷи дуру наздик 501 нафар нозирон ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Ғайр аз ин, КМИР беш аз 80 намояндагони васоити ахбори умуми хориҷиро низ ба қайд гирифт.



