Рӯзи интихоботро Кабирӣ дар Туркия бо фарзандонаш мегузаронад

spot_imgspot_img

Дата:


Зимни сафар ба Давлати Қатар раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбари Иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон, яке аз олимони маъруфи ҷаҳони ислом Юсуф Карзовӣ мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар мулоқот атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин интихоботи президентии ба рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон таъиншуда табодули назар сурат гирифт.

«Юсуф Карзовӣ аввалин фақеҳи исломист, ки тибқи фатвои ӯ, ба занони мусулмон барои интихоб шудан ба мансаби президент ва вакилони парлумон ҳуқуқ дода шуд», – гуфт муовини раиси ҲНИТ.

Ба қавли ӯ, ҳадафи аслӣ аз сафари Кабирӣ ба Қатар иштирок дар кори Конгресии 19-уми умумиҷаҳонии федератсияи ганбол аст, зеро раиси ҲНИТ раиси Федератсияи гандболи Тоҷикистон мебошад.

«Дар анҷоми сафар Муҳиддин Кабирӣ ба назди ду нафар фарзандаш ба Туркия меравад, ки он ҷо таҳсил доранд ва дар рӯзи интихобот, 6-уми ноябр ӯ дар ҷумҳурӣ ҳузур нахоҳад дошт», – афзуд М.Ҳайит.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...