Тамдиди ваколати Гул Шералӣ дар мақоми ноиби президенти Шӯрои электроэнергетикии ИДМ


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи 44-уми Шӯрои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар ҷаласаи мазкур маҷмуи масъалаҳои гуногун вобаста ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика аз қабили рафти омодагии системаҳои энергетикии ИДМ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2013 – 2014, баррасии рӯйхат ва принсипҳои таъсиси хизматрасонии системавӣ ва фаръӣ дар доираи минтақаҳои Созмони ҳамкории иқтисодии Авруосиё, таъмини метрологии соҳаи электроэнергетикии ИДМ, коркарди системаи ягона дар ҳолатҳои садама ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, баррасии лоиҳаи Оинномаи ташкилотҳои заминавӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи электроэнергетикаи кишварҳои ИДМ, баррасии лоиҳаи Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти Тафоҳум миёни Шӯрои электроэнергетикии ИДМ ва Бонки Рушди Аврупо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаи интихоби ноиби президенти Шӯрои электроэнергетикии ИДМ баррасӣ гардида, ваколати вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ барои давраи навбатӣ ба ин мақом тамдид карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное